ИДОМАИ СИЛСИЛАВОХӮРИҲО ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИВАН -ТОҶИК

0
83

Дирӯз (16.02.2021 сол) дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоии сокинон, инчунин омодагиҳо ба кишти имсолаи зироатҳо, раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул бо сокинони деҳаҳои Худгифи Соя, Худгифи Офтоб ва Эсизи ҷамоати Иван-Тоҷик мулоқот анҷом доданд.
Дар ин мулоқот раиси ноҳия Хайрулло Бобозода вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон зикр карда буданд, сухан ронда иброз дошт, ки Паёми имсолаи Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишварро барои солҳои минбаъда муайян сохта, заминаи устуворро барои таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар фароҳам овардааст.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз андоз ягона озод гардидани кишоварзон дар соли 2021 ёдоварӣ намуда, таъкид сохт, ки ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бояд хоҷагидорони ноҳияро руҳбаланд сохта, барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат дучанд заҳмат намоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои терроризму экстремизм, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, бунёди хонаҳои саломатӣ ва муассисаҳои томактабӣ, ҳамчунин таъмини аҳоли бо оби тозаи ошомиданӣ ва полезӣ сухан ронда шуд.
Дар охир сокинон доир ба мушкилотҳои худ ба раиси ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар дигар деҳоти ноҳия идома дорад.

Беҳзод Ҷумъазода,
“Паёми Кӯҳистон”