КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ШУД

0
84

Санаи 9 феврали соли 2021 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ нишасти хабарии раиси но доир гардид.
Дар нишасти хабарӣ раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хабарнигорон ширкат доштанд.
Дар оғози нишаст раиси ноҳия Хайрулло Бобозода доир ба дастовардҳои ноҳия дар соли 2020 суханронӣ намуда, дар маҷмуъ зикр кард, ки ноҳия дар соли сипаришуда, бовуҷуди авҷи бемории коронавирус соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи мушкилоти роҳҳои ноҳҳия, хизматрасонии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва хонаҳои саломатӣ дар деҳаҳои дурдаст, сохтмони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ ва бо ин роҳ баланд бардоштани савияи дониш, инчунин сохтмони кашидани хатти баландшиддати барқ ба 14 деҳаи ҷамоати Лангари ноҳия, вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
“Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти кишвар сохтмони 108 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки то ба имрўз 79 иншооти ҷашнӣ, ё худ 73,1 фоизи иншоотҳо сохта шудаанд. Мо талош дорем дар ин раванд корҳои ободониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, ин ҷашни барои миллат фараҳбахшро ба шаҳомати хоса истиқбол намоем”,- таъкид дошт раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Дар идома доир ба рушди саноат, дастгирии занон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва вусъат бахшидани корҳои ободони дар соли 2021 изҳори назар кард.
Сипас дар ҷараёни нишасти хабарӣ рўзноманигорон ба суолҳои худ аз ҷониби раиси ноҳия ва шахсони масъул посухҳои мушаххас гирифтанд.

Саидвоҳиди Қосим