БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Имрӯз (30.12.2020 сол) дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Бобозода Хайрулло Бобо Иҷлосияи чорум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардида, дар он шаш масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири бахши кишоварзии ҳукумати вилоят Саидимомхоҷа Акбаров, муовини раиси ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ вакилони халқ ба баррасии мавзуъҳои рӯзномаи Иҷлосия гузаштанд.
Нахуст аз рӯи масъалаи якум муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар зарфи 11 моҳи соли 2020 ҳисобот дода, зикр намуд, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастур ва ҳидоятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ёздаҳ моҳи соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро дар ҳамаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба роҳ монда омад, ки нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда назаррас мебошанд.
Таъкид карда шуд, ки “яке аз омилҳои баланд бардоштани рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2016-2020 ҷой дода шудааст, ки он аз 198 лоиҳа иборат буда, маблағи он 164155,4 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми маблағҳои лоиҳаҳои амалигардида дар ин давра 101959,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша 62,1 фисадро дар бар мегирад.
Дар давоми солҳои 2016-2019 ва ёздаҳ моҳи соли 2020 дар ҳамкорӣ ва дастгирии сарчашмаҳои маблағгўзорӣ 86 лоиҳа тибқи Барнома амалӣ гардид, ки дар пешравии рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия заминаи созанда ва мусоидро фароҳам овард. Айни ҳол дар 33 лоиҳа тибқи Барнома корҳо идома доранд. Иҷрои Барнома то ба имрўз 62,1 фисадро дар бар мегирад. Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои давраи солҳои 2016-2020 лоиҳаҳои муҳими самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро дар бар гирифта, баҳри пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия заминаи мусоидро фароҳам овард.
Муовини раиси ноҳия вобаста ба иҷрои буҷети ноҳия зикр намуд, ки натиҷаҳо оид ба нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2020 (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 3307,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он то 01.12.2020, 3502,5 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин рақам аз нақша 194,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 105,9 фоизро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба қисми даромади буҷети давлатӣ 2,1 ҳазор сомонӣ маблағ зиёд ворид гардидааст, ки 0,5 фоизи афзоиши қисми даромади буҷети ноҳияро ташкил медиҳад. Корбарӣ дар ин самт бо сохторҳои марбута дуруст ба роҳ монда шуда, таъминоти он зери назорати доимӣ қарор дорад. Натиҷаҳо дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хело хуб мебошанд.
Дар ноҳия баҳри пардохти андозҳо аз рўи намудҳои он, ки даҳ намудро ташкил медиҳанд, хело хуб ба роҳ монда шудааст.
Пас аз маърӯзаи муовини раиси ноҳия вакилони халқ ба музокира баромада, дастовардҳои ноҳияро дар зарфи 11 моҳи соли равон назаррас хонданд.
Сипас вакилони халқ ба масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия гузашта, буҷети ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои соли 2021 қабул намуданд.
Дар Иҷлосия ҳамчунин масъалаҳои муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳия ва тасдиқ намудани Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 мавриси баррасӣ қарор дода шуданд.
Саидвоҳиди Қосим