ШИНОСОИИ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА АЗ ВАЗЪИ РОҲҲО ВА МУШКИЛОТИ АҲОЛИИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТИ НОҲИЯ

0
183

Дирӯз (29.11.2020 сол) раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи роҳҳо ва мушкилоти сокинони деҳоти дурдасти ноҳия дар давраи зимистон аз якчанд деҳоти ҷамоати Лангар дидан намуда, барои бартараф намудани масоили иҷтимоии ин сокинон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо сокинони деҳаҳи Сабағу Ярм ва Самҷону Роғ, ки ба ҳашар баромада, роҳи мошингарди ин масирро тахту ҳамвор карда истода буданд, вохӯрӣ намуда, ба кори хайр ва ҳиммати баланд ин мардум санову таҳсин хонда, ин амали онҳоро мояи ватандӯстӣ номид.

Бояд зикр намуд, ки роҳи мошингарди Сабағу Ярм ва Самҷону Роғ дар фасли зимистон пас аз боришоти пайдарпайи барфу борон сангрезаҳо аз кӯҳ фуромада, ба ҳаракати мошинҳо халал мерасонад. Сокинони ободкор ва хайрхоҳи ин деҳот ба тарақи ҳашар ин роҳро тахту ҳамвор намуда, мушкилоти равуои мусофиронро бартараф месозанд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ин иқдоми сокинонро дастгирӣ намуда, таъкид намуд, ки минбаъд ин корро дар дигар деҳоти ноҳия роҳандозӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар ин рӯз раиси ноҳияи Хайрулло Бобозода аз захираи тухмии босифати картошка барои кишти соли оянда ва фурӯшандагон маҳсулоти озуқа дар ин деҳоти дурдаст суҳбат намуда, ба кишоварзон ва савдогарон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here