Сухани табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
198

Ҳамдиёрони азиз!
Мову Шумо ва кули мардуми шарифи саодатманди Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро дар фазои сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.
Таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ ин нишонаи эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқубунёд аст.
Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишонаи муқаддас мебошад.
Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадим маҳз Парчам мебошад.
Мақсад аз таҷлили Рӯзи Парчам, пеш аз ҳама мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии он нишони рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Яъне бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдодони пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба ин рӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ- рамзи давлатӣ мустақилу соҳибихтиёр гардид. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ба рамзи Истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 2009 аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолу соҳибихтиёри таҷлил гардид, ки ин ифтихори азим аст, зеро таҳти ин дирафш аҷдоди ин миллати арҷманд садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама аз марзу буми поки падарони худ ҳимоят кардаанд.
Аз ин хотир Парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробари дигар рамзҳои миллиамон азизу гироми ва муқаддас бошад.
Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Эҳтироми Парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзӣ ба ҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад.
Аз файзи Истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболи истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёди фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи орзӯву ормонҳои чандинасраи ин миллати тамаддунсоз мебошад.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Боварии комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари мо аз Парчами миллӣ ифтихор менамоянд.
Бо чунин орзӯҳои нек ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо кули мардуми сарбаланди ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба Шумо хонаи обод ва рӯзгори осударо орзу менамоям.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here