ТАҶЛИЛИ РЎЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

0
266

Имрӯз 06.11.2020 сол дар маҷлисгоҳи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба Рўзи милитсия тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, сардори ШВКД дар ноҳия, подполковники милитсия Насимзода Қосим ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ, кормандони милитсия ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.


Нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло кормандони милитсия ноҳияро ба рӯзи касбияшон табрик намуда, саҳми онҳоро дар тартиботи ҷамъиятӣ ва шуҷоату мардонагии онҳоро дар роҳи ваҳдату якпорчагии давлату миллати тоҷик, инчунин таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар басо арзишманд хонд.
Таъкид карда шуд, ки сол аз сол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити кории кормандони милитсия дар навоҳии дурдаст беҳтар гардида истодааст. Соли сипаришуда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон бинои нави ШВКД мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он барои кормандони милитсия шароити беҳтари кориро фароҳам овард.


“Кормандони милитсия дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо Ватан, Истиқлолият ва Ваҳдат мафҳумҳои басо муқаддас мебошанд ва барои халқу давлати худ содиқона хидмат менамоянд.”,- баён дошт раиси ноҳия Бобозода Хайрулло.
Сипас сардори ШВКД-и ноҳия подполковники милитсия Насимзода Қосим миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида, таъкид намуд, ки минбаъд ШВКД-и ноҳия ҳамкориро бо ҳукумати ноҳия барои пешгории ҷинояткорӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо зич карда, тадбирҳои заруриро дар ин самт роҳандозӣ хоҳанд намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода барои фаъолияти пурсамар ба чанде аз кормандони корҳои дохилии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва собиқадорони соҳа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои идона сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар ин чорабинии идона дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертии худ табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here