ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
133

Имрўз 4.11.2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба муносибати таҷлили 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Хайрулло Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни ироаи паёми табрикии худ ба муносибати рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади таърихиро ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам овардааст.


Таъкид карда шуд, ки бо қабули Конститутсия, ки дар он шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи ҳуқуқии ҳар як шаҳрванди мамлакат ифода ёфтааст, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, он нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рўҳияи ватандўстиву худшиносии мардум мубошад.
Пас аз суханронӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба чанде аз собиқадорони меҳнат, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва афсароне, ки хидмати ҳарбиро бо сари баланд адо намуда, ба зодгоҳи худ баргаштаанд, туҳфа ва ифтихорномаҳо тақдим намуд.
Дар охир барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро рангинтар намуд.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here