ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БАХШИДА БА 26-СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имрўз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони 26 сол сипарӣ мешавад, ки он дар таърихи навини тоҷик ҳамчун санади сарнавиштсози миллат ва бахтномаи иқболу саодати халқи тоҷик муаррифӣ мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо бахшида ба қабули ин шаҳсутуни миллат самимона табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо тансиҳатӣ, сарбаландиву некномӣ ва рӯзгори осударо орзу менамоям.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Чуноне, ки дар моддаи якуми он омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои коститутсионист, ки имрўз дар мамлакат сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад.
Ҳисси ифтихору ватандўстӣ ва ватанпарастии миллати тоҷик аст, ки дар давоми ин солҳо ба дастовардҳои муҳим шарафёб гаштаанд. Имрўз месазад, ки ҳар як шаҳрванди ноҳия ба Конститутсия эҳтиром оварда, баҳри рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳмгузор бошанд.
Бо шарофати кабули Конститутсия Точикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва такдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолабӣо мунаввар мекунад.
Конунститусия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад.
Бо чунин дастовардҳои нек итминони комил дорам, ки боз аз ҳар вақта дида бештар дар партави ин сиёсати созандаю ободгароёна муттаҳиду сарҷамъ гашта, барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода менамоем.
Бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори Рўзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар сокини ноҳия сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба кишвари азизамон пешрафт ва шукуфоиҳои рўзафзун орзу менамоям. Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *