БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИҲОИ КАРТОШКАПАРВАРИ ҶАМОАТИ ЛАНГАР

0
230

Имрӯз (25.09.2020 сол) раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо мақсади шиносойӣ аз ҷамъоварии ҳосили картошка аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Лангари ноҳия дидан намуд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни боздид аз ҷамъоварии ҳосили картошка аз хоҷагиҳои деҳқонии картошкапарвари “Валиғонд”, “Истошон”, “Деҳманора”, “Пакшиф”, “Палдорак”, “Роғ” ва “Худгифи Боло”-и ҷамоати Лангар маълум гардид, ки дар ин хоҷагиҳои деҳқонӣ кишоварзон аз ҳар гектар зимини картошка ба ҳисоби миёна то ба 365 сентнер ҳосил ба дастовардаанд.


Хайрулло Бобозода аз ҳосили ҷамъоварии кишоварзон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини бозорҳои кишвар бо картошкаи хушсифати кӯҳистон ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Ба иттилои шуъбаи кишоварзии ноҳия имсол дар ҷамоати деҳоти Лангари Кӯҳистони Мастчоҳ дар майдони 1700 гектар, аз ҷумла 1388 га хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 333,6 га заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон картошка кишт карда шудааст.
Кишоварзони ноҳия имсол дар майдони зиёда аз 2600 гектар замин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ картошка кишт намудаанд.


Соли гузашта кишоварзони ин ноҳия аз майдони беш аз 2000 гектар замин зиёда 80 ҳазор тонна ҳосили картошка ба даст оварда буданд. Тухмии босифати навъҳои гуногуни картошка яке аз масъаҳои умдаи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия мебошад, ки ҳамасола кишоварзон талош доранд, анвои гуногуни тухмиии картошкаро дастрас намоянд. Дар ҳоли ҳозир дар Кӯҳистони Мастчоҳ навъҳои тухмии «Тоҷикистон», «Мастчоҳ-1», «Овчӣ», «Биг-Роза», «Манатоу», «Романсе», «Кардинал», «Алладин» ва дигар намудҳо кишт карда мешавад. Интихоби тухмиҳои ба иқлими ноҳия мувофиқ ва заҳмати пайвастаи кишоварзон барои зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам меоварад, ки имсол тибқи дурнамо аз ҳар гектар аз 318 то 350 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд. Соли 2019 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тарафи ташкилоти “Сароб” ба ноҳия 10 тонна тухмии аълосифати навъи “Биг роза” ворид гардид, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка заминаи мусоидро фароҳам овардааст.
Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам оварда буд. Агар дар соли 1991 майдони кишти картошка дар ноҳия 283 гектар бошад, имрӯз майдони кишт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик ба 3 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нишондоди баланд ва муваффақияти комили мардуми заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.
Моҳи августи соли 2019 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари корӣ ба ин ноҳия дастур дода буданд, ки то соли 2021 ҷамъоварии ҳосили картошка дар ин ноҳия аз ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ то ба 100 ҳазор тонна расонида шавад.

Фитрат ҲИКМАТ

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here