КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ”

0
100

Имрӯз (17.09.2020 сол) дар деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади ҷалби бештари мардум, ба хусус ҷавонон ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, аз ҷониби кормандони бахши кор бо ҷавонони ноҳия ва ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат”аксия таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст” баргузор гардид.
Меҳроб Абдуев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар суҳбат бо хабарнигори “Паёми Кӯҳистон” мақсад аз баргузории аксияро додани иттилоияҳои пешакӣ ва муҳим барои шаҳрвандон дониста, гуфт, ки дар аксияи мазкур наздик ба 1000 варақаҳои иттилоотӣ паҳн ва дастраси шаҳрвандон гардидаанд, ки дар онҳо вақт ва рӯзи баргузории интихоботи президентӣ, тарзи пур кардани бюлитенҳои интихобот ва ҳуқуқи додани як овоз барои ҳар як шаҳрванд навишта шудааст. Ба иттилои ӯ варақаҳои иттилоотӣ бештар дар деҳоти дурдасти ноҳия паҳн ва ба сокинон дастрас гардидаанд, ки бо ин восита шаҳрвандон аз рӯз, вақт ва санаи баргузории интихобот ва тарзи иштирок ва пур кардани бюлитен бархурдор мешаванд.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here