Ғамхории маъюбону ятимон дар арафаи ҷашни Истиқлолият

0
111

       Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, ба хусус маъюбону ятимон, камбизоатон ва пирони барҷомонда дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва муовини аввали директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода маъюбону собиқадорони меҳнат қадршиносӣ намуда, ба онҳо кумаки яквақтаи моддӣ тақдим карда шуд.


Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни вохӯрӣ бо маъюбону собиқадорони меҳнат нахуст онҳоро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри осебпазири ҷомеа ёдовар шуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳукумати ноҳия дар асоси дастуру вазифагузориҳои Пешвои миллат ҳама сола дар иду ҷашнвораҳо ба маъюбон, ятимон ва камбизоатон дасти кумак дароз намуда, ба онҳо маводи озуқаворӣ дастрас менамояд. Ҳамчунин раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз соҳибкорон ва ашхоси саховатманду хайрхоҳи диёр даъват ба амал овард, ки дар маҳал ва деҳоти худ ба ятимон ва маъюбон кумак намоянд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here