Паёми табрикии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба 29- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
127

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Имруз мову Шумо дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки барои миллати бофарҳангу тамаддунофари мо ҷашни басо муқаддасу ифтихорманд аст. Зеро 29 сол муқаддам дар кишвари азизи мо руйдоди таърихие ба вуқуъ пайваст, ки он дар тақдири мардуми сарзамини куҳанбунёди мо таҳаввулоти куллӣ ва бунёдӣ ба вуҷуд овард.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҳамаи мардуми шарифи ноҳияро самимона ва сидқан табрик мегӯям!
Истиқлолият арзишмандтарин дастоварди мардуми фарҳангиву сулҳхоҳи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад.
Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки аз баракати ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо дар масири ду даҳсолаи охир пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯйи марҳилаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақили худ ва беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ чунин иброз дошта буданд: «Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад».

Ҳамдиёрони азиз!
Бақои миллат ва иқтидори давлат аз пойдориву устувории сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ вобаста аст ва дарки ҳамин арзиши ҳаёти миллати бостонии моро дар раванди руйдодҳои фоҷиабори ибтидои давраи соҳибистиқлолӣ аз парокандагиву пошхӯрӣ эмин нигоҳ дошт.
Таҳлили соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳодат медиҳанд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия таҳаввулоти кулли ба миён омадааст. Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз нав эҳё гардида, сатҳи зиндагии мардум куллан хуб шуд. Қомат афрохтани биноҳои маъмурии замонавӣ дар маркази ноҳия, сохта ба истифода додани бунгоҳҳои нави тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳҳои нави муассисаҳои таълимї ва ҷараёни босуръати корҳои сохтмонӣ дар якқатор иншоотҳои дигар, ки ба ҳалли мушкилоти мардум вобаста мебошанд, асоси гуфтаҳои болост.
Идомаи минбаъдаи корҳои бунёдкорона дар ноҳия, кафолати ояндаи дурахшони ин гушаи дӯрдасти кӯҳистон ба ҳисоб рафта, боис бар он мегардад, ки шароитҳои хуби хизматрасонӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омада, сол аз сол ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия баланд бардошта мешавад.
Дар ин давра иншоотҳои муҳиму афзалиятнок дар самти маориф, фарҳанг, тандурустӣ бунёд карда шуданд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия такони ҷиддӣ бахшидаанд.
Аз ҷумла дар соҳаи маориф бунёду азнавсозии 18 адад муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шудааст, ки маблащӣ онҳо 5 813,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи тандурустӣ бошад 6 адад сохтмонҳои нав ба маблащи 6 454 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд, ки аз он 2 адад беморхона, 4 адад хонаҳои саломатӣ мебошанд ва барои беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия аҳамияти ҷиддӣ бахшидаанд.
Соли сипаригардида дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои сухторхомӯшкунӣ, бинои Суди ноҳия, бинои филиали №41 бонки давлатии амонгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Беморхонаи марказӣ дар шаҳраки Меҳрон, бинои Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи минтақавии Беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Роғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки барои сокинони ноҳия басо фараҳбахшу мояи ифтихор аст.
Бигзор ормонҳои волои Истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ илҳомбахши ояндаи нек ва зиндагии шоистаи мардуми мо бошанд
Бори дигар куллӣ сокинони ноҳияро ба ифтихори 29-солагии бузургтарин ҷашни миллӣ — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, рӯзгори осуда, хушбахтиву иқбол ва барору комёбӣ орзумандам!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here