Баргузории Конференсияи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ
Санаи 14-августи соли 2020 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Конференсияи филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Конференсия муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова, мудири бахши кор бо ҷавонон Меҳроб Абдуев ва аъзоёни филиали Иттифоқи ҷавонони ташкилоту муассисаҳои мақомоти иҷроия ва дигар масъулину ҷавонони фаъол ширкат доштанд.
Дар Конференсия се масъала: интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, дар бораи тасдиқи ҳайати вакилон барои иштирок дар Конференсияи 14-уми ғайринавбатии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд. Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи ҷаласа, муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ба кормандони бахши кор бо ҷавонон ва аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корбари байни ҷавонон, дар рўҳия ватандўсти тарбия намудани онҳо, дар амал табиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва иҷрои саривақти барномаҳои давлатӣ дар бораи ҷавонон ва дигар масъалаҳои марбут ба ин қишри ҷомеа дастуру вазифагузориҳо намуд.
Саидвоҳиди Қосим