ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ КИШВАР

0
235

Имрӯз 30.07.2020 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи муовини якуми Маҷли миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Оббурдони ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ бо сокинони ин ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шарифзода Ғиёсиддин Абдуваҳҳоб, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Мурод Шарифзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Усмонов Усмонҷон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд.
Нахуст Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода зимни муаррифии меҳмонон таъкид дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба як ноҳияи пешрафта табдил гашта, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин ноҳия дар сатҳи зарурӣ бо маром идома дорад.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ғиёсиддин Шарифзода бо таваҷҷуҳ ба пешравӣ ва рушду инкишофи хоҷагии халқи ноҳия зикр намуд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти муҳим ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони беш аз 50 фисади он ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Таъкид карда шуд, ки бо баробари паҳн гаштани мавҷи дуюми бемории нави коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, чораҳои пешгирикунанда ва корҳои профилактиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда шаванд.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи хӯрока, кишти такрории зироатҳо ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили кишт чараҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад.
Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here