САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

0
252

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва беназири ҷомеаи муосири мо мебошад. Талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳ шинохта шуд. Маҳз истиқлолият ба мо озодии миллӣ дод. Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Дар доираи омодагӣ ва ҷараёни корҳои созандагиву ободони бахшида ба ҷашни бузурги давлатӣ таҳти шиори “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои шоиста роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ низ зиёда аз 108 иншооти гуногун бунёд мегарданд. Боиси хурсандӣ ва сарфарозии кормандони мақомоти судӣ мебошад, ки дар арафаи 28 -ум солгарди Истиқлолияти давлатӣ, яъне санаи 20.08.2019 сол бинои нави Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷониби Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои тамоми шароитҳо барои фаъолияти бомароми суди ноҳия хоҳад буд. Ҳамзамон биноҳои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои ШВКД-и ноҳия, бинои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, бинои сўхторхомӯшкунӣ, бинои филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк дар ноҳия, Беморхонаи марказӣ бо 40 кат тақдим карда шуд. Инчунин сохтмони якчанд иншооти дигар дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон, аз ҷумла варзишгоҳ бо 3000 ҷойи нишаст, муассисаи таълимӣ барои 450 хонанда дар як баст бомаром идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи 25-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда буданд ва барои кормандони соҳаҳои мухталиф як бинои истиқоматии дуошёнагӣ иборат аз 16 манзили зист мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Аз ҷумла ба суди ноҳия як ҳуҷраи истиқоматии барҳаво, дорои тамоми шароитҳо барои зиндагӣ тақдим карда шуд. Ин дастгириву ғамхорӣ мо, кормандони суди ноҳияро, руҳбаланд намуда, барои масъулияти бештар муваззаф менамояд. Зимнан бояд зикр намуд, ки соли 2016 бинои нави МИҲД-и ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуда буд. Илова бар ин роҳҳои маркази ноҳия мумфарш карда шуданд. Дар маҷмуъ бо шарофати Пешвои миллат маркази ноҳия сол аз сол ранги дигар гирифта, ба як шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо таъкид мекунанд, ки имрӯз аз файзи баракати Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Ҳамаи  ин  созандагиву ободкориҳо  дар  солҳои Истиқлолият   ба  вуқуъ пайваста аз  ғамхории бевоситаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Имрӯз моро зарур аст, ки якдилона барои ҳифзи оромиву сулҳу субот, адолати судӣ, таҳкими волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ талош варзем.

Иноятулло Ғуломзода,
раиси Суди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here