КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БА ДАВРАИ ЗИМИСТОН ОМОДА МЕШАВАНД

0
84

Имрӯз 11.06.2020 дар бинои хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти роҳбари муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова ситоди ноҳиявӣ доир ба омодагии ташкилоту муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 баргузор гардид.
Дар кори ситод намояндаи ширкати “Қудрат-2019”, ки дар деҳаи Ғузн ба истихроҷи ангишт машғул аст, инчунин дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.
Нахуст, котиби ситоди зимистонгузаронӣ, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия Ҷаҳоншер Саидов доир ба нақшаҳои пешбинишуда барои захираи ангишту ҳезум ва дигар маводи сухт барои зимистон ҳисобот дод. Таъкид карда шуд, ки то имрӯз аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ноҳия дархости эҳтиёҷоти худ доир ба захираи ангишт ва ҳезум ба ситоди зимистонгузаронӣ ворид гардида, дар асоси он нақша барои захираи маводи сухт тасдиқ гардидааст.
— Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, таҳти №199, доир ба омодагии ташкилоту муассисаҳои кишвар ба давраи тирамоҳу зимистон дар сохторҳои гуногуни ноҳия 619 тонна ангишт, 161,5 куб ҳезум, 33,5 мкв шишабандӣ, 2000 литр сӯзишворӣ, 204 м/куб маводи зидди лағзиш, 25 ҳазор тонна хошоки дурушт ба нақша гирифта шудааст,- зикр намуд Ҷаҳоншер Саидов.
Бино ба маълумоти ӯ дар соҳаи тандурустии ноҳия 120 тонна, соҳаи маориф 420 тонна, фарҳанг 14 тонна, мақомоти иҷроия 50 тонна, ҷамоатҳои деҳот 9 тонна, идораи коммуналӣ 2 тонна, идораи роҳ 4 тонна ангиштсанг барои давраи зимистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ситод ҳамчунин намояндаи ширкати “Қудрат — 2019” уҳдадор гардид, ки барои таъмини аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо ангишти хушсифат чораҳои зарурӣ андешад.
Хуррам Хуррамов намояндаи ширкати “Кудрат — 2019” зикр намуд, ки дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия ва деҳаҳои дурдаст нуқтаҳои фуруши ангиштро бо нархи дастрас барои аҳолӣ ташкил хоҳад кард.
Хуррамов зимни суханронӣ иброз дошт, ки ширкат тасмим гирифтааст дар давраи тирамоҳу зимистон ба ятимон, камбизоатон ва ашхоси бепарастор ангишт ройгон дастрас намояд. Бинобар ин, вай аз мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатӣ дархост намуд, ки рӯйхати ашхоси ниёзмандро ба ширкат пешниҳод намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз дастурҳои роҳбарияти кишвар барои рушди босуръати соҳаи саноат дар ноҳия ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зиёда аз 3 млн. 549 ҳазор сомониро ташкил дод, ки бештари он асосан аз ҳисоби истихроҷи ангишт мебошад.
Корхонаи ангишти деҳаи Ғузни ноҳия соли 2017 таъсис ёфта, айни ҳол дар он 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шудаанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин авалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истихроҷ карда мешавад.
Тибқи маълумот, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии истихроҷи ангиштро доро мебошад.
Зимни мулоқот бо Президенти кишвар дар таърихи 20 августи соли 2019 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ роҳбарияти корхонаи ангишти Ғузн ваъда дод, ки бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд мекунад.
Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони Ғузн 27 миллион тонна мебошад.

Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here