Офати табиӣ беш аз 107 ҳазор сомонӣ зарар овард

0
142

      Вазидани боди тунд ва боришоти зиёди борони санаи 8 июни соли 2020 дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ хисорот ба бор овард. Дар натиҷаи ин офати табиӣ болопӯши бинои Хадамоти давлатии оташфишонии ноҳия, майдончаи варзишии мактаб-интернат ва 56 келометр роҳҳои автомобилгарди ноҳия зарад диданд.
Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Қозизода Исматулло дар ин бора хабар дод.
Бино ба маълумоти ӯ дар натиҷаи вазидани боди тунд 155 метр болопўши бинои Хадамоти давлатии оташфишонии ноҳия, панҷараҳои атрофи майдончаи варзишии назди мактаб-интернат, инчунин дар натиҷаи борони пуршиддат 56 келометр роҳҳои автомобилгардид ноҳия хароб гардидаанд. “Аз ин офати табиӣ қисми каме аз ҷӯйборҳо ва киштзорҳои деҳаҳои ноҳия низ хисорот дидаанд. Хисороти офатиӣ дар шабонарўзи 8 июн дар ноҳия зиёда аз 107 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.”,- баён дошт Қозизода Исматулло.
Бино ба иттиллои ӯ то бегоҳии санаи 9 июн роҳҳои автомобилгард пурра тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуданд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here