САЛОМАТИИ ҶОМЕА АЗ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ВОБАСТААСТ

0
106

     Имрӯз 30.05.2020 сол дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати озода нигоҳ доштани муҳити зист, безараргардонии кўчаву маҳаллаҳо бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон аксияи “Тозагии маҳал ва тозагии соҳил” таҳти шиори “Саломатии ҷомеа аз тозагии маҳал вобастааст”доир гардида, зери ин унвон куча ва назди биноҳои маъмурии шаҳрак тозаву озода карда шуданд.
Дар баргузории ин аксия кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолони иштирок намуда, роҳраву кучаҳои шаҳрак, ҷуйборҳои назди бинои мақмоти иҷроия ва дигар биноҳои маъмуриро аз партовҳо тоза намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чораҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here