COVID-19: Тақвияти чораҳои зиддиуфунӣ ва кишти зироатҳо

0
103

   Имрӯз 29.05.2020 сол дар маҷлисгоҳи хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ситоди навбатӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, кишти картошка ва зироатҳо, инчунин омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

    Дар ситод нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба корҳои анҷом шуда ва нақшаҳои минбаъда ҷиҳати тақвият ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиуфунӣ дар ноҳия ҳисобот дода, зикр намуд, ки 4 муассисаи тиббӣ барои қабули беморони коронавирус пур омода буда, мавод ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ин муассисаҳо таъмин карда шудааст.
Таъкид карда шуд, ки дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ҳама чаҳор муассиса дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, ёрии таъҷилӣ ва табибон ба таври шабонарӯзӣ дар ҷои корӣ қарор доранд.
Ҳамчунин бино ба маълумоти мавсуф гуруҳи корӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ дар маҳалҳо барои пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бурда истодаанд.
Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода пас аз шудинаи ҳисобот таъкид намуд, ки гарчанде давоми чанд рӯзи охир маълумотҳо оид ба сироятёбии шаҳрвандон ба коронавирус дар кишвар рӯ ба камшавӣ овардааст, аммо масъулинро зарур аст, ки ба сокинони ноҳия фаҳмонанд то чораҳои беҳдоштии шахсӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро риоя намуда, ҳангоми гашту гузор ниқоб пӯшанд.
Ба масъулин ва гуруҳҳои корӣ дастур дода шуд, ки дар маҳалҳо то ба эътидол омадани авзоъ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ҷоннок намоянд.
Дар ситод ҳамчунин дар бораи кишти картошка ва дигар намуди зироатҳо ибрози назар шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки барои иҷрои дурнамои кишти картошка ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда, аз натиҷааш ба роҳбарияти ноҳия ахборот дода шавад.
Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here