Аёдати пирону барҷомондагон ва маъюбон дар арафаи иди Рамазон

0
161

    Ба ғамхори фаро гирифтани қишри ниёзманди аҳолӣ ба хусус маъюбону калонсолон, собиқадорон ва шахсони камбизоат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин баҳри дастгирии ин қишри аҳолӣ дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнвораҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ашхоси маъюбу камбизоат ва ятим аёдат ва ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Бо ин мақсад дар амал татбиқ намудани дастуру вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббус ва таҳти назорати бевоситаи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар арафаи Иди Рамазон ва Рӯзи ҷавонон қишри ниёзманди аҳолӣ аёдат карда шуданд.
Аз ҷумла санаи 22 майи соли 2020 бо иштироки роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Аҳмадзода Ҳотам дар ҳудуди ноҳия, маъюбон, калосолон, ниёзмандон ва ҷавонони маъюб аёдат шуда, ба онҳо кумакҳои яквақтинаи молӣ тақдим карда шуд. Зимни аёдати ин қишри ҷомеа роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия аз дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии роҳбари давлату Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба камбизоату ятимон ёдоварӣ намуда, аз ҳолу аҳвол ва мушкилоти онҳо пурсон шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати дастгириву ба ғамхорӣ фаро гирифтани камбизоатону маъюбон соҳибкорону хайрхоҳони ноҳия дастуру супоришҳои инсондӯстонаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар ин амали хайр дасти кумак дароз намудаанд.
Зимни супоридани туҳфаҳо маъюбон ва пирони барҷомонда аз ин амали нек басо хушҳол гардида, дар ҳаққи роҳбари давлату ҳукумат дуъои нек намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баҳри дар амал иҷро намудани амру даструҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Масчтоҳ дар арафаи таҷлили ҳар иду ҷашнвораҳои миллӣ, ба қишри ниёзманди аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба онҳо пайваста кумакҳои пулию моддӣ дастрас карда мешавад.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here