МУРОҶИАТНОМАИ ТАБИБОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА БАДХОҲОН ВА ИҒВОАНГЕЗОНИ СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

0
569

Мо, табибони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба бадхоҳон ва иғвоангезону ҳангомаҷӯёни сомонаҳои интернетӣ, ки дар ин ин лаҳзаҳои басо душвор барои барои кулли башарият, суд ҷуставу деги худро меҷӯшонанд, муроҷиат намуда, ҳар гуна ҳангомаву иғвоҳои ин гуруҳҳоро қатъан маҳкум мекунем.
Мо, имрӯз дар партави сиёсатҳои хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дастгир ва ғамхори табибон ва қишри осебпазири ҷомеа ҳастанд, ҷони худро дар хатар гузошта, ба таври шабонарӯзӣ аз гирифторони вабои аср – коронавирус (COVID-19) парасторӣ намуда, барои зинда мондану сиҳат ёфтанашон тамоми талошамонро ба харҷ дода истодааем.  Мо аз ин пешаамон ҳамеша ифтихор дорем ва иғвою ҳангомаҳои беасоси судҷӯён ва бадхоҳони миллату давлат заррае ба кори мо таъсир нахоҳад расонид. Он чӣ дар ин ҳангомаҳои беасос, ки аз номи ашхоси номаълум ба хотири манфиатҳои шахсӣ муғризона нашру пахш мешаванд ва моро нигарон мекунад, он аст ки ин ҳама ба рӯҳияи беморон ва шаҳрвандон бештар таъсиргузор аст, на ба мо.
Худоро ҳамвора шукр мегӯем, ки то кунун дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки гӯшае аз Тоҷикистон биҳиштосои мост, ягон нафар ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Табибони ноҳия ҳамеша талош доранд то чораҳои пешгирикунандаро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, аз сироятбии шаҳрвандон ва ҳамдиёрон ба ин бемории ҳамагир ҷилавгирӣ намоянд.
Бо ифтихор ва сарбаландӣ метавонем бигӯем, ки вазъи соҳаи тандурустӣ дар ноҳия бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, шароити хуби корӣ дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистонии вилояти Суғд барои табибон фароҳам оварда шудааст. Соли сипаришуда на танҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ, балки барои кулли сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  соли хеле шодиовар ва фаромӯш нашаванду буд, зеро дар ин сол бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази навбунёди ноҳия – шаҳраки Меҳрон Беморхонаи марказӣ дорои 40 кати табобатӣ бунёд гардида ва бо тамоми таҷҳизоти замонавии тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин шуъбаи беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Роғи ҷамоати Лангар пас аз азнавсозӣ бо шароити хуби корб ва таҷҳисотҳои муосири табобатӣ низ ба истифода дода шуд. Соли гузашта дар якчанд деҳаҳои дурдасти ноҳия бунгоҳҳои тиббӣ мавриди истифода умум қарор гирифтанд. Ин нишонаи он аст, ки соҳаи тандурустии ноҳия сол аз ол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст.
Мо, табибони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳамеша барои табобати беморон, ба хусус гирифторони бемории коронавирус омодаем, ва ҳозирем ба ҳамдиёрони худ ва кулли шаҳрвандони кишвар ончи аз табибон вобастааст муолиҷаву муроқиат намоем.
Дар шуъбаву беморхонаҳои ноҳия дар ҳоли ҳозир барои муолиҷаи беморони коронавирус ягон  мушкилӣ вуҷуд надорад. Ба беморхонаҳо доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофиҳатӣ аз вирус, ниқобу дастпушакҳо, маҳлулҳои зидиуфунӣ (антисептикӣ), хлор ва дигар маводи зарурӣ дастрас шудааст. То имрӯз 4 сокини ноҳия ба карантин фаро гирифта шуда, 1 нафар он пас аз адои муҳлат ба хонаашон мураххас шуда, 3 нафари дигар низ дар рӯзҳои наздик ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.
Мо, табибон, ба бадхоҳон ва иғвогарону судҷӯён, ки дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои дуруғро нашр мекунанд, гуфтанием, ки беҳтар аст аз ин гуна иғвоҳо ва бад кардани номи табибон даст кашида, дар пайи кори манфиатоваре барои худу оила ва ҷомеа машғул шаванд. Дар акси ҳол Худо накунад, ба ин бемории ҳамагир сироят ёбед, танҳо табибонанд, ки шуморо табобат мекунанд, на хоҷагону манфиатхоҳонатон!
Дар хона бимонед!
Худ ва оилаатонро аз коронавирус эҳтиёт намоед!

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here