COVID-19: Беморхонаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастоҳ бо дастгоҳҳои нафасдиҳӣ ва дорувориҳо муҷаҳҳазанд

0
202

      Дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) чораҳои фаврию амалӣ андешида, дар ин замина якчанд муҳим роҳандозӣ гардидаанд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори сомонаи “kuhiston.tj” сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия Маҳмадшукурп Фатҳуллоев хабар дод, дар чаҳор беморхонаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои табобати беморон ва ба қарантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки дар онҳо эҳтимолияти бемории коронавирус вуҷуд дорад, пурра ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ омода карда шудааст.
— Айни замон дар чаҳор беморхонаи ҳудуди ноҳия, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ, шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Роғ, беморхонаи деҳаи Сабағ ва беморхонаи деҳаи Оббурдон барои бемороне, ки аз коронавирусе сироят ёфтаанд, омода ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар умум наздик ба 70 кат барои беморон тайёр карда шудааст, — гуфт Маҳмадшукур Фатҳуллоев сартабиби ноҳия.

Сартабиби ноҳия ҳамчунин зикр намуд, ки духтурони беморхонаҳо бо либосҳои махсус, ниқобҳо, маҳлулҳои антисептикӣ, дастпӯшакҳо ва дорувориҳои зарурӣ таъмин гардида, дар ин замина мушкил вуҷуд надорад.
— Дар чаҳор беморхонае, ки барои бемороне, ки аз коронавирус сироятёфтаанд, бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мебошанд. Он овозаҳое, ки дар сонаҳои интернетӣ аз номи ашхоси номаълум нашр шудаанд, ки гӯиё дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нест, асоси воқеӣ надорад, -мегӯяд сартаби ноҳия Маҳмадшукур Фатҳуллоев.
Сартабиби ноҳия мегӯяд то имрӯз дар ноҳия ягон нафар ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо дар давоми моҳи май 4 нафар сокини ноҳия бо бемории илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ гардида, пас аз табобат сиҳат шуда, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.
Соли 2019 бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар шароити кӯҳистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон як беморхонаи нав дорои 40 кат бунёд гардид.


Бунёди беморхонаи мазкур бо супориши ҳукумати вилояти Суғд аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят тарроҳӣ гардида, бо харҷи беш аз 3 миллинон сомонӣ сохта шуд. Беморхонаи мазкур моҳи августи соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Айни замон дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 6 марказҳои саломатӣ ва 12 бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати баччагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолият доранд.
Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here