БАРГУЗОРИИ СИТОДИ НАВБАТӢ. Чораҳои зиддиэпидемикӣ пурзӯр мешаванд
Санаи 13 майи соли равон дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия ситоди навбатӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда бар зидди бемории нави COVID-19 бо иштироки раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ва масъулини соҳаи тандурустӣ доир гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти чораҳои зидди эпидемикӣ, риояи қатъии чораҳои беҳдоштии шахсӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурии зиддивирусӣ ва дорувориҳо ёдовар шуда, ба масъулин дастур дод то дар ин замина корҳоро пурзӯр намоянд.
Таъкид карда шуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин ҷоннок карда шуда, бе зарурат ва бидуни ниқоб ба кӯча ва ё ба дигар шаҳру навоҳӣ сафар накунанд. Ҳамчунин ба масъулини соҳаи тандурустӣ дастур дода шуд, ки дар беморхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббии деҳоти дурдаст навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намуда, ба аҳолӣ хизмат намоянд. Инчунин ба бахши Ёрии таъҷилии ноҳия супориш шуд, ки рақамҳои телефонӣ ба ҷамоатҳои деҳот ва аҳоли дастрас шуда, дар сурати тамос ва ё ашхосе, ки бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус дар тамос шаванд, фавран ба беморхонаҳо расонанд.
Беҳзод Ҷумазода