ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

0
157

Санаи 4-майи соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи ғалаба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, сокини деҳаи Исизи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Одинаев Халифа бо туҳфаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ шуд.

Туҳфаи Прездентро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода Илёсиддин тақдим намуд. Ҳамчунин дар ин рӯз директори минтақаи озоди вилояти Суғд Олимзода Фирдавс туҳфаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро низ ба иштирокчии ҷанг супурда, ӯро ба Рӯзи Ғалаба табрик намуданд.

Гуфта мешавад имсол кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ 75-умин солгарди Рўзи Ғалаба бар Олмони фашистиро таҷлил менамоянд.

Одинаев Халифа пас аз қабули туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат ва Раиси вилояти Суғд ба  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои қадршиносиашон изҳори сипос намуда, дар ҳаққи эшон ва имрўзу ояндаи дурахшони кишвар дуои нек намуд.

 

Зимни супоридани туҳфаҳо ба иштирокчии ҶБВ Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ  Хайрулло Бобозода иштирокчии ҷанг Одинаев Халифаро марди шуҷоъу далер ва корнамоиҳои ўро мактаби мардонагӣ хонда,  дар ҳузури меҳмонон туҳфаи идонаи худро ба ў низ супорид.

Одинаев Халифа соли 1925 дар деҳаи Исизи ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи деҳқон таваллуд шудаст. Ин марди далер соли 1942 дар айни даргириҳои ҶБВ чун дигар ҷавонмардони мастчоҳӣ ба ҷанг даъват шуда, ба шаҳри Мински Белорус фиристода мешавад. Дар замони ҷанг, ки хеле пурдаҳшату пурваҳшат буд, Халифа аз ҳарду пояш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ҳарбӣ бистарӣ мешавад. Баъди табобат боз дубора ба яке аз шаҳрҳои наздики Берлин фиристода мешавад. Пас аз ғалаба дар ин ҷанги хонумонсўз Одинаев Халифа ба зодгоҳаш бармегардад.

Пас аз муҳоҷирати масчоҳиён ба Дашти Дилварзин дар соли 1956 Халифа як муддат дар ноҳияи Масчоҳ зиндагӣ мекунад. Соли 1990 дубора ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ кӯчида омада, то кунун дар ин диёри бобоӣ дар деҳаи зебоманзари Исиз дар ҳалқаи фарзандону наберагон умр ба сар мебарад.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here