ТАҚВИЯТИ ЧОРАҲОИ ЗИДДИУФУНӢ ДАР ШАҲРАКИ МЕҲРОН

0
163

Бо мақсади пешгирии аҳолӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон чораҳои пешгирии зиддиуфунӣ тақвият меёбанд.
Бо ин асос тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаҳои ситоди ҷумҳуриявӣ кӯчаву биноҳои маъмурии маркази ноҳия бо маҳлули хлор тамиз карда шуданд.

Роҳбари Муассисаи назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия (МНДСЭ) Абулов Мирзоамин дар сӯҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки бо дастгириҳои пайвастаи раиси ноҳия Хайрулло Бобозода чораҳои пешгирӣ аз сироятёбии аҳолӣ ба коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ рӯз аз рӯз дар ноҳия тақвият ёфта истодаанд. Мавсуф зикр намуд, ки то ба имрӯз муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳия бо маводҳои махсуси зиддивирусӣ тамиз карда шудаанд.


— Имрӯз бо супориши раиси ноҳия биноҳои маъмурии шаҳрак, аз ҷумла бинои ШВКД, Прокуратура, Суд, беморхонаи марказӣ, мактаб-интернат, бинои МИҲД ва роҳравҳои назди биноҳои маъмурӣ безар гардонида карда шуданд. Ҳамчунин бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус ва дигар беемориҳои сироятӣ аз санаи 30.04.2020 инҷониб МНДСЭ-и ноҳия дар даромадгоҳи ноҳия навбатдор ташкил намуда, вазъи саломатии ашхоси ба ноҳия воридшуда ташхис карда мешавад. Ҳама рӯза навбатдорони мо дар даромадгоҳи ноҳия кор мекунанд ва то имрӯз аз ашхоси ворид шуда, ягон бемории хатарнок, ё гумонбар ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст,- гуфт зимни суҳбат Мирзоамин Абулов.


Ёдовар мешавем, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии навъи коронавирус дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуда, баҳри пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ када мешавад.

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here