БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ KOVID-19
Имрўз (27.04.2020) таҳти раёсати Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиуфунӣ барои пешгирии бемории сироятии Ковид-19 доир гардид.
Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории Ковид-19 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 №АП-1365 оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ аз ҷониби масъулин ва хизматчиёни давлатӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шавад.
Дар ситоди ҳисоботи роҳбари шабакаҳрои КАТС-и ноҳия Идиев Абдуамон шунида шуд. Номбурда зимни суханронӣ иброз дошт, ки гуруҳҳои корие, ки тибқи амри Раиси ноҳия вобаста карда шудаанд, дар ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондиҳиро дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии ковид-19, риояи гигенаи шахсӣ ва дигар қоидаҳои санитариро дар гардиши хонагӣ ба аҳолӣ мунтазам расонида истодаанд.
Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба масъулин дарстур дод, ки маводҳои дорувориро захира намоянд. Ҳамчунин барои тақвияти пешгирии коронавирус доир ба ҷудо намудани маблағи иловагӣ супориш намуд.
Дар охир ба масъулин ва ҳайати ситоди ноҳиявӣ вазифагузорӣ карда шуд, ки оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан коронависур дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намуда, ба ҳар як оила роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, худдорӣ аз беҳуда сафар кардан, захираи маводи озуқа ва расонидани дигар василаву қоидаҳои муҳимро ба роҳ монанд.
Саидвоҳиди Қосим