КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД

0
63

Имрӯз (13.04.2020) дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти роҳбарии раиси ноҳия Хайрулло Бобозода доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми се моҳи аввали соли 2020 маҷлис доир гардид.
Дар маҷлис намояндаи ҳукумати вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова доир ба натиҷаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар зарфи се моҳи аввали соли 2020 ҳисобот дода зикр намуд, ки натиҷаҳо дар ин давраи ҳисоботӣ назаррасанд.
Мавсуф бо таваҷҷуҳ ба даромади буҷети ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2020 таъкид намуд, ки “нақшаи даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,4 фоиз иҷро гардидааст”.
Зикр карда шуд, ки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ 17864,4 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
— Дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар семоҳаи аввали соли 2020 кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 102 га замин гузаронида шуд, ки айни ҳол дар ноҳия кишт бо маром идома дорад. Инчунин дар ин давра дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли гушт 450,9 тонна, шир 2150 тонна, тухм 89 ҳазор донаро ташкил дод, ки аз ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта — гушт 4 тонна, шир 92 тонна, тухм 1000 дона зиёд гардидааст.
Саршумори чорво бошад, дар ин давра ба миқдори 15768 сар расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 304 сар зиёд мебошад. Саршумори моли майда бошад, дар ин давра 125345 сар расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3058 сар зиёд мебошад.
Оилаи замбури асал дар ноҳия 2029 оила расонида шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 оила зиёд мебошад,- зикр намуд муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамчунин доир ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат ва фарҳанг таваҷҷуҳ шуда, зикр гардид, ки фаъолияти онҳо низ дар давраи ҳисоботӣ назаррас мебошанд.
Баъдан раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба рушди деҳот, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маҳалҳо, бунёди варзишгоҳҳо, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар корҳои созандагӣ ҳарчи зудтар тезонида шуда, ба сифати онҳо низ эътибор дода шавад. Ба масъулин ва шахсони мутассаддӣ дастуру вазифоҳо дода шуд, ки дар муҳлатҳои муайян доир ба рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ ба унвонии раиси ноҳия ахбор пешниҳод намуда, баҳри иҷроиши нақша тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамчунин доир ба пешгирии роҳҳои сироятёбӣ аз коронавирус иброз назар шуда, таъкид гардид, ки корҳои тарғиботӣ баҳри пешгирии вирус дар байни ҷомеа дар сатҳи зарурӣ бурда шавад.
Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here