РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТИ НОҲИЯ ВОХӮРӢ НАМУД

0
33

Ҳафтаи равон бо иштироки раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода дар деҳоти дурдасти ҷамоати Лангари ноҳия қабули шаҳрвандон доир гардида, дар он масъалаҳои бунёди муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, варзишгоҳҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба мавсими кишт, вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ва кашидани хатти баландшиддати неруи барқ ба 14 деҳаи ҷамоати Лангар, инчунин ҳалли мушкилоти иҷтимомии шаҳрвандон ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус дар ин манотиқи дурдасти ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин вохӯриҳо нахуст раиси ноҳия аз варзишгоҳи деҳаи Табушн, ки бо дастгирии молии саховатмандони деҳа ва мақомоти иҷроияи ноҳия ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолят бунёд гардида истодааст, дидан намуда, барои ҳарчи зуд ба анҷом расонидани иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Баъдан раиси ноҳия бо мақсади шиносоӣ аз вазъи табобатии беморхонаи деҳаи Сабағ ва иншоотҳои 30-солагии Истиқлолият дидан намуд. Таъкид карда шуд, ки беморхонаи деҳаи Сабағ, ки барои деҳоти дурдасти ҷамоати лангар хидмат мерасонад, барои қабули беморон ҳамеша омода бошад ва хидматрасонии дар муассисаи тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Ба сардухтури беморхонаи ноҳия ва дигар шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳо дода шуд, ки ба тозагии хуҷраҳои беморон, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус дар ин беморхона диққати махсус дода шавад.
Дар идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони деҳоти дурдасти ҷамоати Лангар раиси ба чанде аз муассисаҳои таълимии ин деҳот аз наздик шинос шуда, бо ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳо мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз муассисаи таълимии №30-и деҳаи Ярм дидан намуда, бо толибилмони ин муассиса доир ба пешгирии коронавирӯс сӯҳбат кард. Ҳамин тариқ раиси ноҳия бо ҳайати омӯзгорон вахонандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои Худгифи Боло ва Ланглиф оид ба пешгирии коронавирус ва таъмини муассисаҳо ба маводҳои махсуси безарагардонӣ мулоқот анҷом дод.
Пас аз ин Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия аз вазъи сохтмони пули деҳаи Водиф, ки соли 2018 бар асари фуромадани сел аз сойи ин деҳа пурра хароб шуда, равуо дар ин масир муваққатан қатъ гардида буд, аз наздик дидан намуда, барои босифат ва дар муҳлати муайян анҷом додани корҳои сохтмонии пули мазкур дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин раиси ноҳия бо сокинони ин деҳа мулоқот намуда, доир ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи деҳа ба шахсони мутасаддӣ вазифагузориҳо намуд.
Дар идомаи вохӯриҳо раиси ноҳия аз мактаби навбунёди деҳаи Деҳҳавз, ки аз ҷониби соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Фаррух Амонов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият сохта шудааст, дидан намуд. Бояд тазаккур дод, ки мактаби мазкур дорои 6 синфхона буда, барои беш аз 120 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ба анҷом расида, рангубори бино ва синфхонаҳо дар ҳолати анҷом ёбист.
Ҳамин тариқ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар идома вохӯриву мулоқоти худ бо сокинони деҳоти дурдасти ҷамоати Лангар аз беморхонаи минтақавии деҳаи Роғ ва идомаи сохтмони хати баландшиддати неруи барқ, ки марҳилаи аввали он то деҳаи Пакшиф дар назар аст, дидан намуд ва доир ба бартараф намудани камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here