ДАР МАШВАРАТИ КОРӢ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

0
70

Санаи 6 апрели соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал Наим Набизода, муовини директори хоҷаги ҷангали вилояти Суғд Усмонов Усмон машваратӣ корӣ доир гардид.

Дар ин машварат муовини раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои гуногун, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон низ иштирок доштанд.
Дар машварат масъалаҳои рафти омодагиҳо аз пешгирии каронавирус дар ноҳия ва омодагиҳо ба ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Набизода Наим, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба сироятёбии бесобиқа ба коронавирус дар саросари давлатҳои ҷаҳон таъкид кард, ки, хушбахтона, дар кишвари мо то ба ҳол сироятёбӣ ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.
Мавсуф зикр намуд, ки гарчанде дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале аз ин ҳол набояд мо фориғбол шавем.
— Ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастурҳои мушаххас додаанд. Дар ин бора ҳам Амри Президенти Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Бояд дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва муассисаҳои ҷамъиятӣ маводҳои безараргардонӣ муҳайё карда, тозагӣ дар мадди аввал гузошта шавад,-иброз дошт Наим Набизода.
Дар идомаи машварат ҳамчунин масъалаи корҳои созандаги ба истиқболи 30-солагии Истиқлоляити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон баррасї гардиданд. Гуфта шуд, ки ба истиқболи ин санаи муҳими таърихї дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 108 иншоот ба нақша гирифта шуда, баҳри ба иҷро расонидани нақшаи мазкур тадбирҳои муҳим чораандешӣ гардидаанд.


Вобаста ба пешгирии коронавирус ва иҷрои нақшачорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баҳри пешгирї коронавирус дар Кўҳистони Мастчоҳ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки сокинони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста ҷонибдорӣ намуда, дар раванди созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият камари ҳиммат баста, баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои созанда тамоми талошу кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд.
Дар машварати корӣ масъалаи пешгирии аз коронавирус, тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бо маводҳои зарурӣ ва саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here