ГУСЕЛИ МУТАНТАНИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

0
27

Имрӯз бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002” аз 4.03.2020, №1466, як гурӯҳ ҷавонони синни даъватии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо тантана ба хизматӣ ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Дар маросими гусели даъватшавандагон, ки дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, падару модарони даъватшавандагон ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни гесели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ унвон карда зикр намуд, ки нангу номус ва орияти ватандорӣ, ки яке аз омилҳои асосии бақои давлат аст, дар ботини ҷавонон, ки имрӯзҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми давлат адои хизмат карда истодаанд, ҷой гирифтааст.
-Мо низ ифтихор аз он мекунем, ки сол аз сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ дар байни ҷавонон зиёд шуда истодааст. Боварӣ дорам дар даъвати баҳорӣ низ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ба иҷро расонидани нақшаи даъват яке аз аввалинҳо хоҳад буд,-зикр намуд и.в.раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.
Хайрулло Бобозода ҳамчунин аз падару модарон, ки фарзандашонро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбият намуда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро ба онҳо ташвиқ намудаанд, изҳори сипос намуд.
Дар маросими гусел аз ҷониби и.в. Раиси ноҳия даъватшавандагон дар фазои тантанавӣ бо туњфањо қадршиносӣ гардиданд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама сола яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро ба иҷро мерасонад.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 10462 нафар буда, аз ин теъдод 5293 нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here