Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати ҷашни Наврўз табрик кард

0
44

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба қисми ҳарбии 0229 воқеъ дар деҳаи Мадрушкати ҷамоати Лангар ташриф оварда, афсарону сарбозони ин қисми низомиро ба фарорасии Наврўзи байналмилалӣ табрик намуд.
Зимни суханронӣ бо сарбозону афсарони қисми низомӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия доир ба суннату анъанаҳои ҷашни Наврўз ва таърихи он, сухан гуфта, таҷлили ин ҷашни фархундаро арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгони мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва фарҳанги волои Пешвои миллат арзёбӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки хизмати афсарону сарбозон дар баргузории ҷашни Наврӯз басо бузург буда, таъмини амнияти сартосарӣ ва фазои сулҳу ором дар Тоҷикистон аз нишонаҳои садоқатмандии афсарону сарбозон ба ин ватану миллат аст.
Ёдовар мешавем,ки ба муносибати ҷашни Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба афсарону сарбозони қисми низомии 0229 маводи озуқа дастрас карда шуд.

Беҳзод Ҷумъазода

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here