ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА: ОМОДАГИҲО БА МАВСИМИ БОРИШОТ, ПЕШГИРИҲО АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

0
33

Санаи 16 марти соли 2020 Ҷаласаи комиссияи ҳудудии моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ оид ба ҳолатҳои фавқулода доир шуд. Ҷаласаи мазкур бо иштироки Раиси комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода Бобозода Хайрулло ва дигар ҳайати комиссия дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ноҳия сурат гирифт.
Нахуст муовини Раиси комиссия сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суѓд дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Қозизода Исматулло суханронӣ намуда, доир ба вазифаҳо ва уҳдадориҳои комиссия ва дигар қарорҳои соҳаи ҳолатҳои фавқулода, инчунин омодагиҳо ба мавсими боришот, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ, қоидаҳои ташкил ва истифодабарии захираҳои моддӣ, кучонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуд.
Зикр карда шуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ дар беморхонаҳои ҳудуди ноҳия ба миқдори муайян доруворӣ, инчунин дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди (МДНРА)-и ноҳия ба миқдори майян сӯзишворӣ захира карда шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷаласа масъалаи захираи маводи ниёзи аввали мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ҳар гуна офатҳои табиӣ, аз ҷумла доир ба пешгирии коронавирус, кӯчонидани мардум аз минтақаҳои хавфнок ва ё худ гусели онҳо ба муҳоҷирати дохилӣ ихтиёрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси комссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода Бобозода Хайрулло таъкид кард, ки дар фасли баҳор чун ҳамасола тибқи мушоҳида як андоза боришот бештар мешавад, ҳамчунин бо баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво омадани тармаву сел дар баъзе деҳаҳо аз эҳтимол дур нест. Ба ҳайати комисияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дастур дода шуд, ки баҳри бартарафсозии ҳамагуна офатҳои табиӣ дар байни аҳолӣ корбариро бештар намуда, баҳри рафъи ҳолатҳои фавқулода омода бошанд.
Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here