ДАВИ НАВРЎЗӢ ДАР КЎҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
73

Имрўз дар маркази ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба варзиш фаро гирифтани ҷомеа ва ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дави наврўзӣ ва Марафони дучархаронӣ доир гардид.

Дар дави наврўзи кормандони сохторҳои гуногун, ҷавононписарон ва ҷавондухтарон иштирок карда, беш аз 2 км роҳро тай намуданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои варзишии мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили бошукуҳи Иди байналмилалии Наврӯз, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим доир гардид.

Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Меҳроб Абдуев ба хабарнигори рӯзномаи  “Паёми Кӯҳистон” иттилоъ дод, дави наврўзӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон ва ҷамоату деҳоти ноҳия ташкил ва гузаронида шудааст, ки дар он беш аз 250 нафар ҷавонон,  аз ҷумла 60 нафар духтарон иштирок намуданд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here