ВОРУХ ЯК ПОРАИ ДИЛИ МОСТ. МАРДУМИ КӮҲИСТОНИ МАСЧОҲ АЗ КОРҲОИ ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГИИ ВОРУХ ДИДАН КАРДАНД

0
60

Имрӯз як гуруҳ ҷавонон, варзишгарон ва фаъолони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо роҳбарии раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба љамоати Ворухи шањри Исфара рафта, аз ободкориву созандагиҳои ин гӯшаи  Тоҷикистон дидан карданд.

Зимни шиносойӣ аз корҳои сохтмонии варзишгоҳҳо, боғи фарҳангӣ, Қасри фарҳанг, майдони Парчами миллӣ дар љамоати Ворух дуруду салома ва эҳтирому самимияти мардуми Кӯҳистони Масчоро ба сокинони ин диёр баён намуда, таъкид доштанд, ки ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри ҳифзи марзу бум ва хоки муқаддаси кишвар сина сипар хоҳанд кард.