Ҷангалпарварони ноҳия кишти картошкаро ба роҳ мондаанд

0
87

9 майи соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти заминҳои кишти картошка ва бо ин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар раиси ноҳия Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Хоҷизода Насим аз ҷараёни кишти картошка дар заминҳои корами хоҷагии ҷангали ноҳия дар мавзеи тагоби Каллахона дидан намуданд.

Зимни боздид раиси ноҳия ба ҷангалпарварон ва деҳыонон ҷиҳати ҳарчи пештар ба анҷом расонидани кишти картошка ва истифодаи самараноки замин дар тагобҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи дурнамои кишти картошка 4 гектар замин ба нақша гирифтааст, ки то имрӯз беш аз 3 гектари он кишт карда шудааст.
Ҳоҷизода Насим директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят зимни шиносоӣ аз заминҳои кишти хоҷагиҳои ҷангал ба ҷангалбонон дастур дод, ки дар оянда барои боз ҳам бештар намудани заминҳои корам аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия ва афзудани майдонҳои кишти картошка чораандешӣ карда шавад.
Бино ба иттилои Ниёзов Мирзоғафур сарҷангалпарвари ноҳия дар тобеияти Муассисаи хоҷагии ҷангал дар умум 54462 гектар замин дорад, ки аз ин ҳамагӣ 4 гектарин он замини корам ба ҳисоб меравад.
“Ҳамасола баҳри дар амал табиы намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят дар 4 гектар замини корам кишти картошкаро ба роҳ мемонем ва саҳми дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мегузорем. Албатта ин миқдор замин барои муассисаи мо кам аст, мо ба нақша гирифтаем, ки заминҳои кишти картошкаро дар тагобҳо зиёд кунем. Дар баробари ин ҳама сола ҷангалпарварони ноҳия боғҳои нав бунёд мекунем. Соли гузашта 10 гектар боғи нав бунёд кардем. Дар ин самт тибқи наыша боз корбарӣ карда истодаем”,-иброз дошт зимни суҳбат Ниёзов Мирзоғафур.

Саидвоҳиди Қосим