ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ КИШТИ ЗИРОАТҲО ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

0
89

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводҳои хўрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, пешгирии баландшавии нарху наво, ба роҳ мондани кишти зироатҳо ва иҷрои бандҳои нақша чорабинӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли равон директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуд.

 

Мавсуф зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз рафти кишти картошка аз наздик шинос шуда, барои тезонидани кишт ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ба кишоварзони ноҳия дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Мавсуф ҳамчунин бо мақсади омодагиҳо барои пешгирии коронавирус дар ноҳия аз муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳия дидан кард. Зимни шиносои аз вазъи омодагиҳо маълум гардид, ки ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳия маводи кофии зиддивирусӣ таъимн карда шудаанд.

Пас аз шиносоӣ дар толори хурди маҷлисгоҳи ноҳия ҷаласаи якҷояи гуруҳӣ корӣ бо роҳбарии директори Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Исматзода Азизулло доир гардид.

Дар ҷаласа нахуст Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода доир ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП – 1365 оид ба амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъатбахшии раванди корҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дастур дода буданд, ҳисоботи муфассал дод.

Зикр карда шуд, ки дар ноҳия мувофиқи дурнамо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони умумии 2500 га кишти картошка ба нақша гирифта шуда, то ба имрўз дар майдони 261 га кишт гузаронида шудааст, ки 10 фисади нақшаи пешбинигардидаро дарбар мегирад. Мувофиқи дурнамо айни замон дар ноҳия дар майдони 20 га гандуми баҳорӣ, дар майдони 47 га ҷав, дар майдони 29 га сабзавотҳо кишт карда шудаанд.Айни ҳол баробари мусоид гардидани боду ҳаво дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия киштизироатҳо, бахусус картошка бо маром идома дорад. Ҳамаи нақшаҳо мувофиқи дурнамо дар ноҳия таъмин карда мешаванд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ноҳия то ба имрўз ба соҳаи тандурустии ноҳия 38275 сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо карда шудааст.

  • Барои пешгирии бемории сироятии коронавирус аз тарафи шабакаҳои КАТС-и ноҳия  40 ҷуфт либоси муҳофизатӣ, 400 кг хокаи хлор, 1000 адад ниқоб, 300 метр матоъ барои тайёр намудани ниқоб, ба маблаѓи 6500 сомонӣ маводи доруворӣ, 200 адад флакони спирт ва аз тарафи беморхонаи марказии ноҳия бошад 45 ҷуфт либоси муҳофизатӣ, 200 кг хлор, 300 адад флакони спирт, 20 флакони антисептикӣ, 14 флакон собуни моеъ, 1 адад термосканер, 20 баста дастпокунакҳои тар, ба маблаѓи 10000 сомонӣ доруворӣ, 500 дона ниқоб ва 300 ҷуфт дастаки яккарата, инчунин аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия 200 кг хлор ва 100 литр маводҳои безараркунанда, 11 ҷуфт либосҳои зиддивирусӣ,  130 ҷуфт дастпушак, 150 адад ниқоб, 5 адад маводҳои антисептикӣ, 160 флакон спирт харидорӣ ва ба ноҳия ворид карда шудааст,- зикр намуд зимни суханронӣ раиси ноҳия Хайрулло Бобозода.

Дар фарҷом директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло ба масъулин ва роҳбарони сохторҳои марбута дастур дод, то чораҳои зиддиэмидимиро дар ноҳия тақвият бахшанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри сари вақт ба иҷро расонидани дурнамои кишти зироатҳо чораҳои саривақтӣ ва зарурӣ роҳандозӣ гардад.

Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here