Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

0
68

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзҳои 25 ва 26 апрел ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сафар намуда, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ин минтақаи дурдасти вилоят шинос гардид.
Бояд гуфт, ки ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.
Раиси вилоят зимни сафар нахуст бо рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 шинос гардида, барои дар сатҳи баланд омода намудани муассисаи соҳаи маориф ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Бинои нав бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми мамлакат барои 240 хонанда сохта шуда, бо бунёди бинои нав барои таҳсили хонандагон беҳтарин шароит муҳайё карда мешавад.
Сипас, роҳбари вилоят дар деҳаи Оббурдони деҳоти Иван-Тоҷик ба бунёди кӯдакистони нав санги асос гузошт. Чуноне иттилоъ дода шуд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин деҳа кӯдакистони замонавӣ бунёд гардида, 120 нафар хурдсолон ба муассисаи томактабӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврасу ҷавон ёдовар шуда, хотирнишон намуд, ки барои наврасону ҷавонон бояд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 -и ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои таълимӣ тибқи лоиҳа аз 10 синфхона ва утоқҳои ёрирасон иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ мешавад. Ин иншоот бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст.
Раиси вилоят ҳамзамон бо сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ревомутк низ ошно гардида, барои фароҳамсозии шароити корӣ, дастраснамоии таҷҳизоти зарурӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд