Шиносоии Исмоилзода Зуфар Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

0
190

Санаи 15 декабри соли 2020 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб бо сафари кори ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ташвриф оварда, бо аъзои ҳизб ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ анҷом дод.
Нахусти Исмоилзода Зуфар аз бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуда, бо кормандони ҳизб ва ҳуҷҷатгузориҳои он аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки бинои ҳизб бо дастгирии аъзои фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия ва ашхоси хайрхоҳу саховатпеша ба тариқи ҳашар бунёд гардида, соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Сипас, раиси ҳизб аз якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дидан намуда, ба фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.
Пас аз шиносоиҳо дар маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳия Исмоилзода бо аъзои ҳизб ва фаъолон вохӯрӣ доир намуда, ки дар он раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо низ иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ Исмоилзода Зуфар доир ба нақши ҲХДТ дар рушду нумуъ ва назму суботи кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки беҳбуд бахшидан ба зиндагии шоистаи мардум, ҷалби фаъолони ҳизб ва саховатмандон барои ободии диёр яке аз дастурҳо ва барномаи ҳизб аст, ки ҳамеша барои иҷроиши он Роҳбарияти олии ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон таъкид мекунанд.

Дар идомаи суханронӣ Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар ба шароити орому осудагӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвар ва вазъи мураккаби давлатҳои ҷаҳон изҳори назар кард.
— Имрўз дар сайёра беш аз 100 давлат бо мушкилотҳои гуногун даст ба гиребонанд. Айни чунин ҳолатҳо дар кишварҳои ҳамсояи мо Афғонистон, Қирғизистон шуда истодааст, ки бояд ҳар фарди тоҷик биандешад ва шукрона кунад, ки дар кишвари мо сулҳу ороми ҳукмфармост. Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2020 бо хуруҷи бемории «Ковид-19» як андоза соли мушкил буд ва тамоми давлатҳои дунё аз ин вируси ҳамагир зарари иқтисодию иҷтимоӣ дидад. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо соли 2020 дар Тоҷикистон 2 маъракаи муҳими сиёсї: яке интихоботи парлумонӣ, дигаре интихоботи Президент дар фазои орому шафоф ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардиданд,- таъкид дошт Исмоилзода Зуфар.
Сипас Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода доир ба фаъолияти ҳизб ва нақши он дар ободкориву созандагӣ дар ин гӯшаи дурдасти кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо ҳидояту ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар даврони Истиқлолият таъсис ёфта, ба як ноҳияи пешрафта ва обод табдил шудан дорад. Раиси ноҳия аъзо будан ба ҲХДТ-ро мояи ифтихору сарбаландӣ хонд.
Дар фарҷоми мулоқот чанде аз кормандони Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзоёни фаъоли он бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб барои фаъолияти пурсамарашон аз ҷониби Исмоилзода Зуфар сарфароз гардонида шуданд.

Саидвоҳиди Қосим

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here