Тағйироти кадрӣ

0
12

Санаи 13-апрели соли 2022 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ва мудирони бахшу шуъбаҳои ноҳия ва шахсони масъул маросими муаррифии муовини аввали Раиси ноҳия Бурҳонзода Иноятулло доир гардид.
Дар мувофиқа ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 07.04.2022 № 15/ 1-10 ва қарори раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз санаи 08.04.2022 №76 Бурҳонзода Иноятулло Исмат ба мансаби муовини аввали раиси ноҳия таъин карда шуд.
Бурҳонзода Иноятулло Исмат 4-уми сентябри соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2014 Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси муҳосиб-иқтисодчӣ дар комплексӣ агросаноатӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 2017 ба ҳайси сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии ба номи Сафар Наврӯзи деҳаи Сабағ оғоз карда то соли 2019 дар ин вазифа кор кардааст. Дар ин миён як сол раиси кумитаи маҳаллӣ деҳаи Сабағ шуда кор кардааст. Аз соли 2020 то 7-уми апрели соли 2022 мудири Бахши омор дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба уҳда дошт.