ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

0
28
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи 7-уми сентябри соли 2021 дар толори бинои МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии тантантанави бо иштироки Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Юсуфзода А. намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Ҳоҷизода Наим ва масъулину фаъолон доир гардид.
Дар ифтитоҳи чорабини Раиси ноҳия ба сухан баромада ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳия ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Аснои сухани табрики Раиси ноҳия истиқлолияти давлатиро аз муқаддастарин ҷашнҳои миллӣ хонда, гуфт, ки ба истиқболи ин санаи муҳими таърихи дар ноҳия сохтмони 108-иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд ва то ба имрӯз106 адади он сохта ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар паёми табрикии худ доир ба дастоварду пешравиҳои ноҳия дар даврони соҳибистиқлоли мамлакат низ ибрози назар кард.
Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлати барои фаъолияти пурсамарашон беш аз 40-нафар кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия бо Ифтихорномаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият ва туҳфаҳои раиси ноҳия аз қабили гилем, тилвизор ва соатҳои дасти қардрдони карда шуданд. Туҳфаҳои идона ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шахсони арзанда дар фазои тантанави тақдим карда шуданд.

Саидвоҳиди Қосим