Таваҷҷуҳ!!! Озмуни ҷойҳои кории холӣ

0
35

Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаҳои зерин озмун эълон мекунад.

  1. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ;
  2. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
  3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия;
  4. Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;
  5. Мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик.

Шартҳои озмун:

— доштани маълумоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ;

— барои мудири бахши кор бо занон ва оила 3-сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5-сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— барои мутахассиси пешбар ва мутахассисон 2-сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 — сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ ва банақшагирии раванди кор;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;

— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

— ариза ба унвонии роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгири кадрӣ;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи шаҳодатномаҳои дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

— нусхаи диплом дар бораи доштани маълумоти олии касбӣ;

— нусхаи шиноснома ва дафтарчаи меҳнатӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;

— маълумотнома оид ба доғи судӣ; (ИТС)

— 2 дона расми 4х6

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроға: шаҳраки Меҳрон, бинои МИҲД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.

Телефонҳо барои тамос: 92 621 44 99, 92 637 85 26