РОҲАНДОЗИИ АКСИЯИ “НАВРӮЗИ САБЗ ИСТИҚБОЛИ САБЗ МЕХОҲАД” БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

0
61

Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои иллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки Меҳрон аксияи “Наврӯзи сабз истиқболи сабз мехоҳад” доир гардид.
Ин аксия, ки бо ташаббус ва роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода баргузор шуд, дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, сокинон ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ширкат варзида, баҳри тоза намудани маркази ноҳия ва назди биноҳои маъмурӣ саҳм хешро гузоштанд.
Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Акбарҷон Раҷабов зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Паёми Кӯҳистон” гуфт, ки “имрӯз бо ташаббус ва роҳбари иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аксия ташкил намудем ва дар он кормандон ва фаъолони ноҳия ҷамъомада саҳми худро дар тоза ва обод намудани гирду гӯшаи шаҳрак ва биноҳои маъмурӣ гузоштанд. ”
Бино ба иттилои ў дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо иштироки беш аз 500 нафар ба ҳашари дастаҷамъона баромада, назофату тозагӣ ба истиқболи ҷашни Наврӯзро роҳандозӣ намудаанд.
Беҳзод Ҷумъазода,
“Паёми Кӯҳистон”

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here