РАИСИ НОҲИЯ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА ИШТИРОКЧИИ ҶБВ-РО АЁДАТ НАМУД

0
48

Бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади қадрдонии собиқадорони ҷангу меҳнат санаи 23 феврали соли 2021 раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бо намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Одинаев Халифаро аёдат намуданд.
Зимни аёдат раиси ноҳия аз ҷасорату мардонагии Одинаев Халифа ёдовар шуда, корнамоиҳои ӯро барои насли наврас намунаи ибрат хонд.
Зикр гардид, ки собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор дошта, хизматҳои содиқонаи эшон ҳамеша қадршиносӣ хоҳанд шуд.
Иштирокчии ҶБВ Одинаев Халифа дар навбати худ ҷиҳати ғамхориҳои пайвастаи ҳукумат ба Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипосу миннадорӣ намуда, барои рушду гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизи дуои нек кард.
Одинаев Халифа яке аз охирин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад, ки айни замон дар иҳотаи фарзандону наберагон умр ба сар мебарад.
Одинаев Халифа соли 1925 дар деҳаи Исизи ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи деҳқон таваллуд шудаст. Ин марди далер соли 1942 дар айни даргириҳои ҶБВ чун дигар ҷавонмардони мастчоҳӣ ба ҷанг даъват шуда, ба шаҳри Мински Белорус фиристода мешавад. Пас аз ғалаба дар ин ҷанги басо пурваҳшату хонумонсўз Одинаев Халифа ба зодгоҳаш бармегардад. Дар замони муҳоҷирати масчоҳиён ба Дашти Дилварзин бо ҳамроҳии хонаводааш ба ин Дашт кӯчида омада, муддате дар инҷо зиндагӣ мекунад. Соли 1990 ба хотири ҳифзи хонаву дари бобоӣ дубора ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ кӯч баста, то кунун дар ин диёри куҳан дар деҳаи зебоманзари Исиз дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.

Беҳзод Ҷумъазода