Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз ҳолати кишти заминҳои президентӣ дидан кард

0
91

Раиси ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ Хайрулло Бобозода бо директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд Ҳоҷизода Насим бо мақсади шиносоӣ аз рафти кишти картошка ва самароноку оқилона истифода бурдани заминҳои президентӣ аз заминҳои наздиҳавлигии баъзе аз сокинони ҷамоатҳои деҳот дидан карданд.
Зимни шиносоӣ раиси ноҳия аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Ревомутки ҷамоати Иван-Тоҷик Маҳмадюнус Юнусов маълум гардид, ки сокинони ин деҳа дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода бурда, чанд намуди зироат кишт кардаанд. Зироатҳои киштнамудаи сокинон нашъу намои хуб дошта, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии он тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Бобозода Хайрулло ва Ҳоҷизода Насим изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки сокинон дар кишт ва самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигии худ ташаббус нишон дода, зироатҳои гуногун, аз қабили картошкаву сирпиёз ва лубиёгиҳо кишт намудаанд, ки ин метавонад ба сабади истеъмолии ҳар сокини ноҳияро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намояд.
Раиси ноҳия ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, руёнидани ду-се ҳосил ва дигар масъалаҳои марбут ба кишту зироат ба шаҳрвандон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Беҳзод Ҷумъазода