НОМАИ ШОДБОШИИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

0
64

Мо, сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба муносибати зодрӯзи шарифатон самимона табрику муборак бод намуда, бароятон тани сиҳат ва умри бардавом орзумандем.
Бароямон басо ифтихорманд ва боиси сарфарозист, ки Худованд Шуморо чун роҳбари одил оқил, дурандеш ва хидматгузори халқ ато намуда, ба ин васила дари саодату хушбахтиро барои мо боз кардааст. Пойдории ҳар давлат ва саодатмандии ҳар миллату халқиятҳо аз бисёр ҷиҳат аз роҳбари оқилу одил ва тавоно сахт вобастагии калон дорад. Хидматҳои бузурги Шумо барои миллати тоҷик ва пойдории давлати тоҷикон басо бузург аст, ки ҳар яке аз онҳо дар саҳифаҳои рангини таърихи навини халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд.
Мо, сокинони шарафманди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бисёр аз он шодем, ки маҳз бо талошу заҳматҳо ва сиёсати дурандешонаи Шумо пас аз чиҳил соли муҳоҷирати масчоиён ба Дашти ташналаби Дилварзин, дубора зодгоҳи бобоёнашонро чун як ноҳияи маъмурӣ бо номи Кӯҳистони Мастчоҳ таъсис ёфту имрӯз он бо дастгириҳои пайвастаи Шумо ба як ноҳияи пешрафта табдил шудан дорад. Ба ибораи дигар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамчун меваи соҳибистиқлолии кишвари азизамон — Тоҷикистон имрӯз дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи Шумо рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст.
Имрӯз дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Шумо муҳтарам Пешвои муаззами миллат, сатҳи зиндагии мардум дар ноҳия куллан беҳ гардида, биноҳои маъмурии замонавӣ дар маркази ноҳия қомат афрохта, дар деҳаҳои дурдасти ноҳия бунгоҳҳои нави тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ бунёд шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин ҷараёни босуръати корҳои сохтмонӣ дар якқатор иншоотҳои дигар, ки ба ҳалли мушкилоти мардум вобаста мебошанд, идома доранд. Соли сипаригардида барои мардуми ноҳия соли басе ифтихорманду фаромӯшношуданӣ буд. Зеро бо ташрифи Шумо ба ин ноҳия якчанд иншооти муҳими ҷамъиятӣ, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ ва дигар иншооти маъмурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ин ҳама гувоҳӣ аз он аст, ки зиндагии ҳеч як аз мардум дур аз мадди назари давлату ҳукумат нест. Ҳоло бо шарофати Истиқлоли кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Шумо кашидани хатти баландшиддати нери барқ ба 14 деҳаи дурдасти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ идома дорад. Бо баробари амалишавии ин лоиҳаи кашидани хатти баландшиддати неруи барқ зиндагии мардум дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Мо, сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо итминони бузург изҳор медорем, ки дар партави сиёсатҳои бунёдкоронаи Шумо муҳтарам Пешвои миллат дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои истиқболи шоиста аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талоши бештар хоҳем кард.
Бори дигар зодрӯзи шарифатон мубораку ҳумоюн бод, муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо эҳтиром ва самимияти хоса
сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here