Номаи шодбошии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муносибати “Рӯзи модар”

0
104

Ҳамдиёрони азиз,
Модарону хоҳарони меҳрубон!

Дар ин лаҳзаҳои басо фараҳбашу фархунда ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли модарону хоҳарони меҳрубонро ба фарорасии Рўзи Модар самимона табрику шодбош мегўям.
Таҷлили Рўзи Модар рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба бузургиву садоқати самимии модарон маҳсуб ёфта, гувоҳи он аст, ки дар ҳаёти инсоният, воқеан саҳми Модарон дар раванди таълиму тарбия, баркамолсозии фарзандони солеҳ, шуҷоъ, шукуфоии ҷомеаи солим, тақвияти ҳаёти пурбаракат хело муассир мебошад.
Даврони Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави рушду инкишофи ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, ҳар сол ҷашн гирифтани Рўзи Модар шаҳодати он аст, ки дар ҳаёти ҷомеа бо гузашти солҳову асрҳо мақоми зан дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта мешавад.
Зеро Модар сарчашмаи ҳаёт, тарбиякунандаи насли башар ва ҳидояткунандаи роҳи дурусту ростӣ ва поквиҷдонию хушахлоқӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳамаи давру замон манзалати хос ва беҳамто дорад.
Модар пояи асосии ҷомеа ва тавлидкунандаи меҳру муҳаббати инсонӣ, раҳму шавқат, накўкориву нексириштӣ, идомабахши ҳаёт ва таблиғкунандаи самти пурҳикмати зиндагӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ ба ифтихори Рўзи Модар басо мавридона зикр кардаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгарӣ наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерўбахши руҳў ҷон мебошад.»
Модар бузургу тавоно, беғараз ва раҳмдил мебошад, ки бо чунин самимияти беҳамтои худ дар назди ҷомеа обуруву эҳтироми махсусро соҳиб гаштааст. Модар дорои сифатҳои наҷиб ва беҳамто буда дар замири фарзандони худ тухми умеду ормонҳои олиро мепошад, то ки барои наслҳои имрўзаву оянда хизмати шоиставу арзандаро эҳдо намоянд.
Воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани иди модарон нишони шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати онро дучанд меафзоёянд. Бо ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас занч-модар бо меҳру муҳаббати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.
Мақому манзалати зан дар ҷомеа ҷойгоҳи асосӣ дошта, сифатҳои нотакрор ва хусусиятҳои фарқкунандааш заминаи аслии ташаккулии тафаккури ҳар як шахс мебошад, чунки мактаби нахустини ҳар як инсон домони модар аст. Бузургон хеле дуруст фармудаанд, ки «Домони модар мактаби ибтидоии башарият аст».
Модар натанҳо сарчашмаи ҳаёт, балки такмилдиҳандаи пояи маънавию зеҳнии ҳар фард буда, дар раванди зиндагӣ барои азхуд намудани рукнҳои шоистаи фарҳанги оиладорӣ, ватандориву эҳтироми ҳамдигарӣ ва қадршиносиву пост доштани арзишҳои милливу динӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ давлату ҳукумат барои боло бурдани мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, аз ҷумла ҷалби бештари занҳо ба корҳо идоракунии давлатӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин раванд як қаттор Барномаҳои давлатӣ ва Стратегияҳо қабул намудааст, ки барои таъмини иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо нақши арзанда гузаштаанд. Аз ҷумла «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳи ҳуқуқӣ тасдиқ гардидааст, ки идомаи мантиқи ҳамин раванд буда, заминаи иҷтимоиву ҳуқуқии сиёсати баробарии гендериро мустаҳкам менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои амалисозии барномаҳои мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истода, аз ҷумла дар партави Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 якқатор корҳои муҳимро дар амал татбиқ намудааст.
Боварии комил дорам, ки модарону хоҳарони мо дар оянда низ барои устувории оила, таълиму тарбияи фарзандони бонангу номус ва дорои иродаи қавӣ ҳамаи талошу ғайрати худро сафарбар менамоянд.
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи модарону хоҳарони азизро ба фарорасии Рўзи Модар сидқан табрик намуда, зиндагии босаодату пурбаракат, тансиҳативу бурдборӣ ва дар корҳои минбаъдаатон барору комёбиро тамманно дорам!