НОМАИ табрикии Раиси Суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иноятулло Ғуломзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

0
41

Ҳамватанони гиромӣ!

“Ваҳдати миллӣ – қайд менамоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии  сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир  бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, эҳтиром ва якпорча созад”.

Воқеан,  ба имзо расидани «Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дорои аҳамияти байналхалқӣ буда,  пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолии ҷумҳурии мо ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани  Тоҷикистони азиз мусоидат кард. Омили дигари ба ваҳдати миллӣ мусоидаткунанда мавҷудияти фарҳанги бою таҷрибаи таърихии давлатдории тоҷикон буд. Самараи ин ваҳдати бадастоварда на танҳо сулҳу оромӣ дар қаламрави  Тоҷикистон, балки ташаккули ҳуввияти миллӣ ва барқарор шудани як давлати соҳибистиқлол аст.

Пўшида нест, ки танҳо дар сурати ваҳдату якдилӣ душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба комёбию пешрафтҳои нав ба нав ноил гардида, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар менамояд. Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назаррасӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолиятии давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Натиҷаи заҳмати содиқонаи Пешвои миллатамон ва мардуми шарифамон аст, ки имрӯз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам рушду нумуъ доранд. Ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушди устувор ва татбиқи стратегияи нави миллӣ- саноаткунонӣ ворид гардидем. Имрӯз барои рузгори орому осуда ва заҳмати созандаи мардуми тоҷик ва баргузории ҳама гуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Аз ин ҷост, ки имрӯз сиёсатмадорони тоҷикро барои семинару тренингҳо ба сифати устоди дарсдиҳанда даъват мекунанд. Аз таҷрибаи бою хирадмандонаи тоҷикон баҳра мегиранд, дар татбиқи сулҳу раванди оштӣ байни давлати худашон аз таҷрибаҳои тоҷикон истифода мебаранд.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас-Ваҳдати миллиро пос дорем, ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Бо эҳтиром,

Иноятулло Ғуломзода,

Раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ