МОДАР – ОФАРАНДАИ ҲАЁТ ВА САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ

0
60

Имрӯз 05.03.2021 сол дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ва намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз чорабинии идона доир гардид.
Дар ин чорабинӣ нахуст раиси ноҳия Бобозода Хайрулло модаронро ба ин рӯзи саидашон табрик намуда, модарро сарчашмаи меҳру вафо ва тарбиятгари насли башарият номид.
Хайрулло Бобозода бо таваҷҷуҳ ба хизматҳои шоёни занон дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи насли наврас таъкид намуд, ки “модар ҳидоятгар ва ташвиқгари самти пурҳикмати зиндагӣ мебошад.”
Баъдан намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Шарифзода Абдуҳафиз паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи модар расонида, домони модарро мактаби ибтидоии башарият номид.
Пас аз суханрониҳо ва паёмҳои табрикӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода ба чанде аз занони собиқадор туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангии бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида намуд.

Саидвоҳиди Қосим