МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ ДОИР КАРДА ШУД

0
35

Санаи  13-июни соли 2022 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Иҷлосияи 11-ум (даъвати шашум)-и маҷлиси вакилони халқи ноҳия  баргузор гардид.

Дар иҷлосия Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидимомхоҷа Акбаров , муовинони Раиси ноҳия, вакилон, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва фаъолон ширкат доштанд. Иҷлосия дар толори маҷлисгоҳи бинои МИҲД-и ноҳия сурат гирифта дар он панҷ масъала аз ҷумла рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021 №117  “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”дар Кӯҳистони Мастчоҳ , ҳисоботи комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасони ба аҳолӣ, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии № 27 оид ба ваколатҳои вакилӣ, Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофии ноҳия ва тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи Раиси ноҳия баррасӣ карда шуданд.

Оиди ба масъаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова дар назди вакилон ҳисобот дод. Зимни баромад иброз дошт, ки баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021 №117  “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”  дар Кӯҳистони Мастчоҳ дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд, қарори Раиси ноҳия аз 30.12.2021 №274 ба тасвиб расида барои иҷрои таъмни ҳадафҳои Барномаи мазкур нақша-чорабиниҳо иборат аз 6 банд таҳия гардида, баҳри амалӣ намудани Барнома тадбирҳои зарури андешида шудааст. Кӯҳистони Мастчоҳ аз лиҳози иқтисоди ноҳияи аграри буда,  самти асосии соҳаи кишоварзӣ, парвариши картошка ва ғалладонагиҳо ташкил медиҳад.  Тибқи маълумотҳои расми соли 2021 дар натиҷаи ворид намудани тухмиҳои хушсифат истеҳсоли картошка дар ноҳия ба 103-ҳазор тонна расонида шуд. Ҳамчунин дар соли гузашта бо дастгирии вазорати кишварзии мамлакат ба ноҳия 20-тонна тухмии  элитаи навъи турки ворид шуд, ки парвариши он дар як қисми деҳаҳои ҳудуди ноҳия роҳандози гардида, ҳосилнокии он 100-сентнерро ташкил додааст. Дар соли 2021 барои нигоҳдоштани тухмии картошка дар деҳаҳои Арсовит ва Ронҷ амбори нигоҳдории тухмии картошка дар ҳаҷми 50-тонна сохта шуд. Баҳри баланд бардоштани ҳосилонокии ғалладонагиҳо соли гузашта ба ноҳия тухми гандуми навъи краснодар ворид карда шуд, ки ҳосили ин навъи гандум 80 то 100 сентнер ва ҳосилнокиии миёнаи ғалладонагиҳо дар ноҳия 54-сентнерро ташкил дод. Иҷроиши Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ таҳти назорати доими қарор дошта соли 2022 ба ноҳия 85-тонна тухмии аълосифати скарлет ворид карда шуд. Инчунин аз ҳисоби соҳибкорон 67-тонна ва аз ҳисоби шарикони рушд 83-тонна тухмии картошка ворид карда шуд иброз дошт муовини Раиси ноҳия.

Сипас ҳисоботи комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқии ноҳия оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасони ба аҳолӣ шунида шуд. Дар идома масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба тартиби муайян баррасӣ карда шуданд.Пас аз барраси масъалаҳои рузномаи Иҷлосия  мудири бахши кишоварзии МИҲД-и вилоятит Суғд Саидимомхоҷа Акбаров ба сухан баромада таъкид кард, ки иқлими Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши картошка ва гандум мусоид мебошад ва дар ин замина ба хусус дар парвариши картошка деҳқонони ноҳия таҷрибаи бой доранд. Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба Кӯҳистон соли гузашта ва имсол тухмиҳои аълосифат ворид карда шуд. Наҷитиҷаи ин буд, ки соли гузашта меҳнаткашони ноҳия беш аз 100-ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд. Инчунин бо ворид намудани тухмии хушсифати гандум соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Кӯҳистони Мастчоҳ 660 тонна гандум истеҳсол гардид ва ҳосилнокии он 60 сентнерӣ буд ки ингуна ба даст овардани ҳосил дар ноҳия самараи хуб мебошад.  Дар анҷоми суҳбат дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бобати иҷрои амру фармонҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини дурнамои кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, самаранок истифодабарии ҳар порча замин, захираи  ду солаи маводи хӯрока, захираи хошоки чорво барои давраи зимистонро баён карда, ҳадафи ҳамаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат ва Раиси вилоятро баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи  зиндагӣ маънидод кард.

Дар охир Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло низ суханрони намуда, ҳадафи асосии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”- ро  баланд бардоштани ҳосилноки дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлкат хонд. Номбурда гуфт, ки бояд дар ҳудуди ноҳия хоҷагиҳои тухмипарвариро зиёд карда ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилноки ба хусус картошка тадбирҳои иловагӣ роҳандози карда шаванд. Натиҷаи фаъолияти соли гузашта, ки ба ноҳия тухмиҳои хушсифат ворид шуд ҳосилноки баланд гардид. Дар ғалладонагиҳо аз ҷумла гандум ки тухми аълосифат ворид карда шуд ҳосилнокии он аз 80- то 100 сентнер ба даст омад, ки ин хело хуб ва ҳосилнокии баландтарин дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Ба масъулин ҷиҳати иҷрои Барномаҳои давлатӣ ба хусус Барномаи тухмипарварӣ барои солҳои 2021-2025 ,  кишт намудани тухмиҳои аълосифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи замин ва тақвияти корҳои кишоварзӣ дар ҳудуди ноҳия датсуру супоришҳои мушаххас дод.

Саидвоҳиди Қосим