Кӯҳистони Масчоҳ: 25млн. 355 ҳазор сомонӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ

0
119

Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар нимсолаи аввалии соли 2020 25 млн. 355 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 648,7 ҳазор сомонии он ба соҳаи растанипарварӣ ва 24706,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ тааллуқ дорад ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Бобозода Хайрулло раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ санаи 15 июли соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Ба иттилои Раиси ноҳия сабаби афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон асосан аз ҳисоби зиёд шудани саршумори чорвои майда будааст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар давраи ҳисоботӣ шумораи он 2334 сар зиёд шудааст.
Чорводорӣ дар баробари зироатпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешавад, ки дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба он диққати махсус медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир дар ин ноҳия 125282 сар моли майда парвариш карда мешавад.
Хайрулло Бобозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зимни таҳлили соҳаи чорводорӣ дар ин ноҳия гуфт, ки дар давоми 7 соли охир парвариши чорво беш аз 43 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба иттилои раиси ноҳия агар дар соли 2013 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 87300 сар чорвои майда парвариш мешуд, ҳоло бошад шумораи он то ба имрӯз ба 125282 сар расидааст, ки тақрибан ба ҳар сари аҳолии ноҳия наздик ба 5 сар чорвои майда рост меояд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи кишоварзӣ буда, сокинони он асосан ба чорводорию зироатпарварӣ машғуланд.
Фитрати Ҳикмат

ШАРҲҲО

Please enter your comment!
Please enter your name here